МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГӢ ТОҶИКОН  ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

20.10.2026. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рими Италия, намоиши осори мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба маърази шаҳрвандон ва сайёҳони ин кишвари қадим пешниҳод мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки осори муаррифишаванда ба давраи антиқаи миллати тоҷик мансуб буда, ҳамрадифи рушди Рими қадим ва рушди тамаддуни миллати бостонии тоҷик мебошад.

Намоиши осори бостонии миллати тоҷик дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим ин бозгӯ аз эътирофи кишварҳои ҷаҳонӣ, хусусан Аврупо аз эътирофи миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Дар намоиши мазкур роҳбарияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута ширкат доранд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top