Ҷаласаи корӣ оид ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ»

Имрӯз дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахши Агентӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда, вобаста ба лоиҳаи қонуни мазкур фикру андеша, хулоса ва пешниҳодҳои худро ироа карданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба такмили лоиҳаи ниҳоии қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон пешниҳодҳои худро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани мазмуну муҳтавои он баён намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top