Ободии диёр аз тозагии ҳар гӯшаи он оғоз меёбад

Дар Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб» бо мақсади таъмини тозагӣ, ободонии муҳити атроф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пазироии меҳмонони дохилию хориҷӣ шанбегӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории шанбегӣ кормандони муассиса гирду атрофи бино ва ҳудуди Қалъаи Кӯлобро тоза намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар гардидани вазъи санитарии муҳити атроф, ҳифзи тозагӣ ва тартибот, инчунин баланд бардоштани фарҳанги ободонию созандагӣ мусоидат менамоянд.

Кормандони муассиса минбаъд низ ҷиҳати нигоҳ доштани тозагӣ, ободонии ҳудуди Қалъа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули меҳмонон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар ободонии муҳити атроф саҳми худро хоҳанд гузошт.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top