5 ноябри соли 2026
Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Конститутсия — бахтномаи миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Агентӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик гуфт. Дар суханронии худ ӯ таъкид намуд, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар заминаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва арзишҳои таърихию фарҳангии миллат мебошад.
Зикр гардид, ки ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, фаъолият дар ин самт дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» асосҳои ҳуқуқии ҳифз, истифода, нигоҳдорӣ ва омӯзиши ёдгориҳои таърихию фарҳангиро муайян намуда, масъулияти мақомоти дахлдор ва истифодабарандагони объектҳои мероси таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки риояи дақиқи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии вайроншавӣ ва осеб дидани ёдгориҳо, инчунин нигоҳ доштани арзиши таърихию фарҳангии онҳо барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани ин сарвати бебаҳои миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон зарурати боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳми ҳар як кормандро дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангии кишвар таъкид намуданд.






