Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд

ДУШАНБЕ, 10.11.2026  Бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои маъмурии ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Бунёди иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши таърих ва ҳифзу муаррифии мероси фарҳангии ниёгон ба роҳ монда шудааст.

Қалъаи «Золи Зар» аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳими таърихии минтақа ба шумор рафта, дорои аҳамияти баланди илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи таъриху бостоншиносӣ имконияти нави омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ фароҳам мегардад.
Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии мамлакат маҳсуб шуда, татбиқи чунин лоиҳаҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи гузаштагон ва муаррифии тамаддуни куҳани халқи тоҷик мусоидат менамояд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top