14 ноябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб» бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, таъмини тозагии муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии ҳудуди муассиса шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ кормандони муассиса бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ иштирок намуда, ҳудуди муассиса ва гирду атрофи онро аз партовҳо тоза карданд. Ҳамзамон, корҳои рӯбучин, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани муҳити атроф анҷом дода шуданд.
Зеро ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ танҳо бо нигоҳдории ёдгориҳо маҳдуд нагардида, ободонӣ ва тозагии муҳити атрофро низ дар бар мегирад.
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб» минбаъд низ дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории тозагии ҳудуди муассиса саҳми арзандаи худро мегузоранд.





