Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сучон, дар баландии харсангдори деҳаи Боғев, дар соҳили рости дарёи Боғевдара, яке аз ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии водии Сучон – Маъбади оташ (Кофирқалъа) ҷойгир шудааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, ин ёдгории таърихӣ ба асрҳои I–IV милодӣ мансуб буда, аз ҷумлаи мавзеъҳои дорои аҳаммияти муҳими таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Кофирқалъа дар масофаи тақрибан 30 километр аз маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар самти шарқу ҷануби шаҳри Хоруғ, дар маҳалли ба ҳам омадани дарёи Боғевдара ва дарёи Ғунд воқеъ гардидааст. Қалъа дар баландии 2390 метр аз сатҳи баҳр, дар қисмати ҷанубу ғарбии деҳаи Боғев, болои харсанги азим бунёд шудааст. Мавқеи ҷуғрофии он аз роҳҳои асосии Хоруғ–Ғунд ба хубӣ намоён буда, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб менамояд.
Иншооти мазкур аз лиҳози мавқеи ҷойгиршавӣ барои сохтмони қалъа хеле мувофиқ буда, аз се тараф бо харсангҳои баланд иҳота шудааст, ки дастрасӣ ба онро ниҳоят душвор мегардонад. Аз ҷониби Боғевдара бошад, қалъа бо девори ғафсу мустаҳкам, манораҳо, дидбонгоҳҳо ва тиркашҳо ҳифз мешудааст. Ин хусусиятҳо аз аҳаммияти мудофиавӣ ва мавқеи стратегии иншоот дар замонҳои қадим шаҳодат медиҳанд.
Дар баробари вазифаи мудофиавӣ, Кофирқалъа ҳамчун ибодатгоҳ низ истифода мешудааст. Дар ҳудуди он оташкадаҳои марбут ба оини зардуштӣ бунёд гардида, то имрӯз боқимондаҳои зердеворҳои онҳо ҳифз шудаанд. Оташкадаҳо дар ду майдончаи нисбатан хурд – болоӣ ва поёнӣ ҷойгир будаанд. Яке аз онҳо шакли доирашакл дошта, дар марказаш оташдон сохта шудааст.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, маъбадҳои оташ дар Помир хусусияти кушода дошта, бе бом сохта мешуданд. Ин тарзи меъморӣ яке аз хусусиятҳои ҷолиби ибодатгоҳҳои оташ дар минтақа ба шумор меравад.
Бо вуҷуди аҳаммияти муҳими таърихию фарҳангӣ, то имрӯз Кофирқалъа мавриди таҳқиқоти мукаммали бостоншиносӣ қарор нагирифтааст. Дар маълумоти марбут ба омӯзиши ин ёдгорӣ номи муҳаққиқон А. Н. Бернштам ва М. А. Бубнова зикр гардидааст.
Кофирқалъа ҳамчун намунаи арзишманди мероси таърихию фарҳангии дорои аҳаммияти махсуси илмӣ ва маърифатӣ мебошад. Омӯзиш, ҳифз ва нигоҳдории он барои бозсозии саҳифаҳои таърихи қадимаи минтақа, шинохти суннатҳои динию фарҳангии ниёгон ва муаррифии мероси таърихии кишвар ба наслҳои имрӯзу оянда аҳаммияти калон дорад.




