21 ноябри соли 2026 дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, таъмини тозагии муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии ҳудуди муассиса шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ кормандони Агентӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, ҳудуди корхона ва гирду атрофи онро аз партовҳо тоза карданд. Ҳамзамон, корҳои рӯбучин, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани муҳити атроф анҷом дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ танҳо бо нигоҳдории ёдгориҳо маҳдуд нагардида, инчунин ободонӣ, тозагӣ ва ҳифзи муҳити атрофро низ дар бар мегирад.
Кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва таъмини тозагии ҳудуди муассиса саҳми арзандаи худро мегузоранд.




