АБЎАЛӢ ИБНИ СИНО
А. Саиднуриддинзода – муовини директори Агентии ҳифз мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тарбияи инсон аз қадимулайём аз вақти пайдо шудани ҷомеаи ибтидоӣ вуҷуд дошт. Таърихи афкори педагогии халқи тоҷик ва дигар халқҳои ҷаҳонро омўхта ва дар асоси дастовардҳои умумибашарии он ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас бисёртар барои баланд бардоштани маданияти педагогии устодони тоҷик нақши бузург хоҳад бозид.
Мақсад ва вазифаҳои тарбия, мазмун, шаклҳо ва усулҳои кори тарбиявӣ таърихан таѓйирёбанда мебошанд. Тарбия бо мурури замон ва пешрафти ҷомеа ва таѓйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ, сифатан таѓйир меёбад. Ҳар як форматсияи иқтисодӣ-ҷамъиятӣ, навъи махсуси тарбияи инсонро ба вуҷуд оварда буд.
Аз таърих маълум аст, ки дар давраи палеолит (800-200 ҳаз. сол то милод), он замоне ки одами ҷомеаи ибтидоӣ на балки истифодаи оташ, инчунин ҳунарҳои тайёр кардани олотҳои сангӣ: белча, пайкони найза, шасти моҳидорӣ ва дўзонидани пўстинро ёд мегирад, тахмин кардан мумкин аст, ки маҳз аз ҳамон вақт сар карда меҳнати ў моҳияти ҷамъиятӣ пайдо мекунад.
Дар давраи Сосониён дар байни арбобону руҳониёни тоҷик гирифтани маълумоти олӣ аз омўзиши илми ҳикмат, табиат, тиб ва дигар илмҳо анъана гашта буд. Дар солҳои охири ҳукмронии Сосониён илму ирфони юнониҳо ва ҳиндуҳо дар ин сарзамини форсҳо паҳн гардид. Дар замони ҳукмронии Хусрави Анушервони Сосонӣ (солҳои 531-579) бисёр китобҳои юнониву ҳиндуӣ ба забони форсӣ тарҷума гардиданд. Дар ин давра дар байни эронинажодҳо донишгоҳи Гунди Шопур, ки асосашро Шопур гузошта буд, шуҳрати зиёд пайдо кард. Ин донишгоҳ соли 550 ифтитоҳ ёфтааст. Дар ин ҷо корҳои тадқиқотии илмӣ доир ба фалсафа ва илми тиб сурат мегирифтанд. Хусрави Анўшервони Сосонӣ пайваста дар фикри васеъ намудани ин донишгоҳ буд ва ба ин мақсад табиби шахсиаш Барзияро ба Ҳиндустон барои омўхтани илми тиб фиристода буд. Барзия аз Ҳиндустон китобҳои тиббӣ, бадеӣ, аз ҷумла «Калила ва Димна», шоҳмот ва духтурони ҳиндиро доимӣ ба донишгоҳи Гунди Шопур овард. Дар ин давра низ як гурўҳ олимони юнонӣ барои кори доимӣ ба донишгоҳи Гунди Шопур омаданд. Ҷамъ шудани олимони юнонӣ ва ҳинду ба ҷараёни таълим ва тарҷумаи китобҳо бо забони форсӣ таъсири зиёд расонид. Дар донишгоҳи тибии Гунди Шопур илмҳои адабиёт, ҳуқуқ, фанҳои сиёсӣ, иқтисодиёт, таърих, математика, астраномия, мантиқ, тиб, дорусозӣ, илоҳиёт, гиёҳшиносӣ, мусиқӣ, ҳайвоншиносӣ ва ѓайра таълим дода мешуданд. Китобхонаи донишгоҳ бо китобҳои илмӣ ва бадеӣ муҷаҳҳаз буд. Дар донишгоҳ маҷлисҳои илмӣ ва имтиҳонот гузаронида мешуд. Худи Хусрави Анўшервон дар маҷлису имтиҳонот иштирок меварзид. Донишгоҳ баъд аз истилои арабҳо низ дар тўли чанд асри дигар ва эронинажодҳо хизмати босазое кард. Дар донишгоҳ на танҳо эронинажодҳо, балки ҳиндую арабҳо, туркҳо ва юнониҳо таҳсили илми тиб мекарданд .
Ҳусейн ибни Абдуллоҳ Абўалӣ Ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи Бухоро таввалуд шудааст (Ҳусейн) дар Бухоро дар сини панҷсолагиаш ба таҳсил сар карда буд. Ў дар синни даҳсолагӣ Қуръон ва анвои илмҳои адаб, сарфу наҳви арабӣ, баён, луѓат ва амсоли онҳоро омўхт. Баъдтар Маҳмуди Массоҳ ҳисоб ва ҳандаса, риёзиётро аз Абуабдуллоҳи Нотили омўхт. Сипас ба омўхтани мутафаккирони Юнони қадим, хусусан Афлотун ва Арасту бохабар мешавад. Илми тибро аз Ҳасан ибни Нуҳ Қамарии Бухороӣ омўхта дар синни ҳаждаҳсолагӣ дар ин илм забардаст шудааст.
Баъди аз байн рафтани падар ва давлати Сомониён Абўалӣ ибни Сино дар шаҳрҳои гуногуни Эрон умр ба сар бурда соли 1037 (дар сини 57 солагӣ) дар Ҳамадон аз дунё гузашт.
Ибни Сино дар давоми умри пурбаракити худ аз рўи сарчашмаҳои таърихӣ то 465 асарро бо забони арабӣ ва форсӣ–дарӣ таълиф намудааст, ки алҳол зиёда аз 160 асараш маҳфуз аст, онҳо илмҳои тиб илоҳиёт, табииёт, мантиқ, нуҷум, риёзиёт, ҷуѓрофия, забони арабӣ, мусиқӣ, илми ахлоқу сиёсат ва дигар соҳаи илмро дар бар мегиранд ва ба Ибни Сино ҳамчун энсиклопедист шуҳрат оварданд. Муҳимтарини онҳо «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ул-наҷот», «Ал-қонун-фи-т-тиб», «Ишорат ва танбеҳот», «Донишнома» ва дигарҳо мебошанд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ доранд. Хусусан «Ал-қонун-фи-т-тиб» шўҳрати калон пайдо карда ба забонҳои лотинӣ, арабӣ, ибронӣ (яҳудӣ) ба табъ расидааст. Ин асар дар асри XVII дар Аврупо 30 маротиба нашр мегардад .
Ақидаҳои таълиму тарбиявӣ, хусусан ахлоқии Ибни Сино дар «Донишнома», «Рисолаи нафс», «Саломон ва Абсол», «Пирўзнома», «Тадбири манзил» ифода ёфтааст, ки дар онҳо дар боби тарбияи ахлоқӣ ва ҷисмонӣ, аҳамияти илму дониш, касбу ҳунар, дўстиву рафоқат, саховатмандиву ҳамкорӣ, гуманизм ва образи занон, бахт ва ишқу муҳаббат, ҳамкорӣ нақш ва мавқеи омўзгор, масъалаҳои психологии тарбия, нақши забон маълумот дода шуда, чунин сифатҳои бади одамон, ба монанди тамаъ, бахилӣ, рашк, ҳасад, худписандӣ мазаммат карда шудаанд. Дар афкори таълиму тарбиявии Ибни Сино тарбияи ахлоқӣ мавқеи ниҳоят калонро ишѓол менамояд, хусусан тарбия ва ташаккули ахлоқи ҳамидаи инсон. Ба ақидаи ў, хулқи инсон ва фазилатҳои ахлоқии ў на ирсӣ (модарзодӣ), балки махсуси муҳити иҷтимоӣ буда, дар рафти муомилоти байни одамон ташаккул меёбад. Бо ҳамин, ў таѓйирнопазирии ахлоқро рад мекунад.
Дар ташаккули сифатҳои ахлоқӣ ў ба роли муқоиса баҳои баланд дода, яке аз воситаҳои муҳими тарбия ҳисоб кардааст. Ба ин чунин гуфтаҳои ў шаҳодат дода метавонанд: «Касе, ки мехоҳад дар ахлоқи пеш ислоҳ бинад, бояд аз ахлоқ ва рафтори мардум огоҳ шуда, онро бо ахлоқ ва рафтори худ муқоиса бинамояд ва бидонад, ки ў ҳам монанди дигарон аст, афроди башар мисл ва шабеҳи ҳамдигаранд».
Ў дар таълимоти ахлоқии худ мардумро ба риоя кардани дўстию рафоқат, муҳаббат ва эҳтиром, тозагию озодагӣ, илмомўзӣ ва ѓайраҳо даъват намудааст.
Дар тарбияи ахлоқии ў ба ҳисобгирии ҳолати психологии одамон мавқеи калонро ишѓол менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар осори одамон Ибни Сино масъалаҳои психологии тарбия ҷои муҳимро ишѓол менамояд. «Ал- қонун» яке аз шоҳасарҳои ин соҳа мебошад. Дар ташаккулёбии ақидаҳои Ибни Сино афкори психологии олимони Юнони қадим прогрессивӣ буданд.
Ҳамин тавр, ақидаҳои ў дар бораи тарбияи ахлоқ ва нуқтаи назари ба ҳисоб гирифтани ҳиссиёт, ҳолатҳои психологӣ ва рўҳии инсон баён карда шудаанд.
Ба ақидаи Ибни Сино, вазифаи тарбияи ахлоқӣ аз худ намудани сифатҳои нек ва барҳам задании сифатҳои бадии инсон иборат аст.
Ба ақидаи Ибни Сино, ҳамаи мавҷудот табиатан ба сўи камолот майл доранд, ки ин некӣ аст. Сифатҳои бади ахлоқӣ дар натиҷаи набудани ҷамъи сифатҳои некӣ пайдо мешаванд. Аз тарафи дигар, агар бадӣ набошад, некӣ муҳол аст, ё некӣ набошад бадӣ номумкин аст. Ҳамин тавр, мавҷудияти ин сифатҳро ў бо ҳам алоқаманд медонад.
Ибни Сино бе ягон тамаъ ба ягон касе кўмук расониданро некии ҳақиқи ҳисоб карда буд. Ў гуфта буд, накўкорон ҳамон шахсест, ки бо фазилаҳои ахлоқиаш ба дигарон таъсир мерасонад.
Ибни Сино рафтори баду некии инсонро аз ду табиати худи ў ҷуста онро аз ҷиҳати психологӣ собит карда буд, ки ин моҳияти идеалистӣ дошт. Сабаб аз он иборат буд, ки ў фаҳмида натавонист, ки рафтору амалиёти инсон на танҳо аз принсипҳои ахлоқӣ ва сифатҳои психологӣ, балки аз маҷмўи ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳам иборат аст.
Тибқи андешаи Ибни Сино, тарбияи ахлоқӣ ба тарбияи нафс алоқаи зич дорад. Аз рўи ақидаи ў, нафс асоси ҳаётро ташкил мекунад. Ў нафсро тобеи ақл дониста бо ҳамин хусусияти худ аз ҳайвонот фарқ кардани инсонро нишон дода буд. Аз ҷумла ў гуфтааст: инсон дорои ақл аст, аммо ақл хоси ҳайвон нест. Ў ба монанди Афлотун нафсро ба се гурўҳ ҷудо кардааст: наботӣ, ҳайвонӣ, оқил (ақлӣ, инсонӣ), ки ҳар кадом хусусияти хоси худро дорад. Ибни Сино нафси инсониро ба нафси бошуур тобеъ медонад. Ибни Сино чунин мешуморид, ки инсоният бидуни ахлоқ вуҷуд дошта наметавонад ва бидуни ақли амалӣ ахлоқ номумкин аст.
Оиди таълиму тарбия Ибни Сино чунин мешуморид, ки тарбия бояд коллективӣ бошад. Дар бораи аҳамияти таълиму тарбияи коллективӣ гуфта буд, ки шогирдон ҳамеша ба омўхтани илму адаб ва ахлоқ шавқу ҳавас дошта, гоҳе ба якдигар мусоҳиба мекунанд ва гоҳе орзу мекунанд, ки мисли пешқадамон бошанд ва аз дигр шогирдон ақиб намонанд. Шогирдон боѓайрат бо якдигар сухан мегўянд, ки ин сабаби рўшноию фузунии ақлу фаҳмишашон мегардад. Инчунин шогирдон ба якдигар рафиқ мешаванд ва ҳамдигарро эҳтиром менамоянд.
Ибни Сино таълим ва тарбияи хонандагонро ба ду марҳала ҷудо кардааст. Дар марҳалаи аввал омўхтани Қуръон, забон ва одобу ахлоқ, дар марҳалаи дуюм бошад, омўхтани ҳунарро тавсия мекунад. Ибни Сино ба барномаи таълими мактаб дохил намудани фанҳои Қуръон, шариат, забони модарӣ, таърих, ҷуѓрофия, ҳисоб, варзиш ва адабиётро тавсия намудааст.
Ҳамин тавр, Ибни Сино яке аз аввалин олимони шарқи қадим буд, ки бар зидди системаи маҳдуди таълиму тарбияи мактабҳои мусулмонӣ баромада, ақидаҳои прогрессивиро пешниҳод кардааст.
Ибни Сино мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбияро аз тарбияи ахлоқӣ, ҷисмонӣ, омўхтани илму дониш ва касбу ҳунар иборат дониста гуфта буд, ки барои ба ин мақсад расидан волидайн бояд аз вақти таваллуд шудани тифл ба тарбияи ў шурўъ намояд.



