Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки «Маҷмааи бостонии Бибихонум» бо фарогирии ёдгориҳои бостонии Хоҷа Машҳад, Қалъаи Бешкент, Мақбараи Зайналобиддин, инчунин ёдгориҳои бостонии силсилаҷоизаи Хутали қадим, воқеъ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон таъсис дода мешавад.
Бибихонум яке аз занҳои фаъоли давраи асримиёнагии халқи тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар эҳё намудани «Маҷмаи бостонии Бибхонум» бо ҷалби дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии минтақа, ба муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифз, омӯзиш ва таҳқиқи онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Бохтар соли 1999 Осорхонаи шаҳрии «Бибихонум» ифтитоҳ гардида буд, ки ин он дар маркази шаҳр дар бинои мудаввар бо бурҷе дар теппаи қалъаи қадим ҷойгир аст. Дар осорхона беш аз 700 экспонатҳо, аз ҷумла, маҷмуи либосу пироҳанҳои анъанавии тоҷикӣ, инчунин намуди гуногуни гулдӯзиҳо ва ашёи рӯзгори аз сафол сохташудаи марбут ба асрҳои 19 ва 20 гирд оварда шудаанд.



