ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

16 июли соли равон ҳайати намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

    Меҳмононро роҳбарият ва кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ истиқбол намуда, барои ташриф ва таваҷҷӯҳ ба самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

   Дар доираи вохӯрӣ намояндагони Ҷумҳурии Корея бо роҳбарияти Агентӣ мулоқот анҷом дода, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифз, омӯзиш, барқарорсозӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои таърихи куҳан ва мероси бойи фарҳангӣ буда, ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба бо кишварҳои дӯст метавонад ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат намояд.

    Ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи таҷрибаи пешрафта дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва омода намудани мутахассисон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуданд.

    Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва рушди муносибатҳои минбаъда дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ баён намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top