Дар ноҳияи Варзоб бо фаъолон доир ба “Эъломияи ҳуқуқи башар” – и Куруши Кабир ва тарғиби масъалаҳои ҳамзистии осоишта дар он” ҳамоиши илмӣ – амалӣ доир гардидТазаккур бояд дод, ки мардуми тоҷик аз давраи қадим то имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг ба ҳисоб рафта, бо сарчашмаҳои нодири ахлоқиву ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва тамаддуни беҳамтои худ дар байни дигар халқиятҳои дунё маълуму машҳур мебошад. Яке аз дастовардҳои бесобиқаи миллати тоҷик санадҳои таърихии қабулнамудаи фарзандони фарзонаи он, ки то имрӯз дар танзим ва таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиятҳои инсон ва шаҳрванд нақши бориз доранд, ба ҳисоб меравад.Дар воқеъ, миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги қадима мебошад, ки далели ин гуфтаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ – ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар – и Куруши Кабир мебошад. Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихӣ – ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона, барои пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши калиди дорад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Чеҳраҳои мондагор” Куруши Кабирро ҳамчун шахсияти таърихӣ ва асосгузори нахустин империяи таърихӣ башар муаррифӣ намудаанд. Муаллиф иброз медоранд, кӣ: “Куруши Кабир дар таърихи тамаддуни башар бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною муттамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои зиндаги шоистаи мардум, алалхусус пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст”.Вобаста ба ин, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон санаи 4-уми августи соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад ва директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб доир ба “Эъломияи ҳуқуқи башар” – и Куруши Кабир ва тарғиби масъалаҳои ҳамзистии осоишта дар он” бо фаъолони ноҳияҳамоиши илмӣ – амалӣ доир гардид.Дар ҳамоиши илмӣ – амалии мазкур муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, раисони кумитаҳои маҳал, ходимони дин, фаъолони ноҳия ва роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.Қайд кардан бо маврид аст, ки толори Қасри фарҳанги ноҳия бо шиору овезаҳо овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳангу маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.Дар ин замина, меҳмонон аз намоиши китбҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои ноҳия дидан намуданд.Нахуст, ҳамоиши илмӣ – амалиро раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ифтитоҳ намуда, сараввал гуруҳи кориро барои ташриф оварданашон ба ин ноҳияи зебоманзар хушомадед гуфта, миннатдории самимии хешро изҳор намуда, баъдан ёдовар шуданд, ки воқеан, Эъломияи Куруши Кабир бозёфти нодири таърихие мебошад, ки ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тӯли таърих баромад кардааст ва дар замони муосир низ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ – ҳуқуқӣ аҳамияти бузург дорад. Имрӯз, аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ меъёрҳои Эъломияи мазкурро ҳамчун сарчашма ба таври васеъ мавриди истифода қарор додаанд.

Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни баромади худ қайд намуданд, ки дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳи миллат тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро мунтазам ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона месозад ва кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонда, ҳамагон барои ба наслҳои оянда як мулки обод мерос гузоштан талош менамоем.
Бо ҳамин тартиб оид ба масъалаи матраҳшуда, баромад намуданд:

  • раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар мавзуи “Эъломияи ҳуқуқи башар” – и Куруши Кабир ва тарғиби масъалаҳои ҳамзистии осоишта дар он” баромад намуда, иброз доштанд, ки дар воқеъ, Куруш як роҳбари одил ва меҳрубон буд, ки ба халқҳо озодӣ ва ба фарҳангҳо истиқлолият медод. Ҳамин тариқ, дар давраи Шоҳаншоҳии Куруши Кабир сарзамини тоҷику форс ба маркази ҳамзистии осоиштаи халқҳои гуногун табдил ёфта буд. Курушро дар Бобул, Форс ва ҳатто дар дигар давлатҳо ҳамчун ҳокими одил, фотеҳи тавоно ва раҳмдил мешинохтанду эътироф менамуданд. Бисёре аз халқҳо ӯро натанҳо шоҳи форсҳо, балки ҳомии адолат медонистанд;
  • мавриди зикр аст, ки 2550 сол муқаддам Куруши Кабир меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки онҳо то имрӯз ба ҳайси нишондиҳандаи рушди волои тамаддуни инсонӣ баромад намуда, ба санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои тарақикардаи ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши пурқимат ворид гардида амал менамоянд;
  • вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дар мавзуи “Маншури Куруши Кабир ва нақши он дар ташаккули ғояҳои ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии осоишта” баромад намуда, зикр доштанд, ки дар воқеъ, халқи тоҷик соҳиби таъриху фарҳанги қадима буда, далели ин гуфтаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ – ҳуқуқӣ: Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихӣ – ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона, барои пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши босазо дорад. Халқи тоҷик, аз замони бостон дар ҳавзаи тамаддуни худ бо хулқу одоб ва сиёсати инсондӯстонаю бо хирад пайваста байни халқиятҳои дигар маълум ва машҳур буданд;
  • директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб дар мавзуи “Таҳаммулпазирӣ ва тамаддунофарии башарии миллати тоҷик” баромад намуда, изҳор доштанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландист, ки мо тоҷикон аз қадим дорои фарҳанги ғанӣ ва соҳиби тамаддуни қадима ҳастем. Дар тули ин қарнҳои таърих миллати тоҷик тавонист, ки худро аз тамоми бархурдҳои марговари берунӣ ва дохилӣ муҳофизат намояд. Аз даврони ҳукумронии империяи Ҳахоманиш сар карда то ба имрӯз тоҷикон бо маҳорати баланди тарзи дурусти идоракунии ҳокимият пешсаф ва пешгом буданд. Агар чанде дар саҳифаҳои таърихӣ ба мо маълум аст, ки баъзан давлатҳое, ки сарварони онҳо аз дигар халқияту миллат буданд онҳоро ба ном ҳамчун малик, амир, хон, мир, бек ва ғайра мешинохтанд, вале дар идораи давлатдории онҳо тоҷикон саҳми арзандае доштанд. Маълум аст, ки ҳатто забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифта дар сиёсати хориҷиашон ҳамчун забони байналмилалӣ истифода мешуд.
    Хотиррасон менамоем, ки пас аз баромадҳои баромадкунандагон иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ – амалӣ ба музокира баромаданд.
    Дар фарҷом, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ба роҳбарияти ноҳия сипоснома тақдим карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top