Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди онҳо, кормандони Муассисаи давлатии «Осорхона – мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» дар ҳудуди ёдгории таърихии «Мавлоно Тоҷиддин» корҳои ободонӣ анҷом доданд.
Дар доираи корҳои анҷомдодашуда ҳудуди ёдгорӣ аз партовҳо тоза ва гирду атрофи он ба тартиб дароварда шуд.
Кормандони Муассисаи давлатии «Осорхона – мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» минбаъд низ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ободонии ҳудуди онҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии ҷомеа корҳои созандагиро идома хоҳанд дод.




