РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИ БИНОИ ҚАСРИ ҲОКИМ ДАР МАМНУЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲИСОР

   Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, дар Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» корҳои сохтмонии бинои Қасри Ҳоким бо маром идома доранд.

   Иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст.

   Айни замон корҳои асосии сохтмон, аз ҷумла деворбардорӣ, насби сутунҳо, омода намудани сақф, корҳои гаҷкорӣ ва ороиши меъмории бино мутобиқ ба лоиҳаи тасдиқшуда идома доранд. Ҳамзамон, мутахассисон ҷиҳати риояи меъёрҳои илмиву таърихӣ ва истифодаи унсурҳои хоси меъмории миллӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

   Ҳадаф аз бунёди Қасри Ҳоким барқарор намудани симои таърихии яке аз муҳимтарин иншооти Маҷмааи таърихии Қалъаи Ҳисор, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.

   Бо анҷоми корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани иншоот, имкониятҳои Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор барои муаррифии таърихи давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон боз ҳам густариш ёфта, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани нуфузи мероси таърихию фарҳангии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top