НАВРӮЗ МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ ФАРҲАНГӢ паёми табрикотии Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Шералӣ Хоҷазода бахшида ба Ҷашни байналмилалии НаврӯзДар ин рузҳо, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарзамини биҳиштосои мо аз ҷониби хурду бузург бо хушҳоливу хурсандии бемисл таҷлил мегардад, мехоҳам мардуми шарафманди мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик гуфта, барояшон хушрузиву нишот, комрониву саодати ҳамешагӣ, бахту икболи баланд ва тамоми шодиҳои зиндагиро орзу намоям.Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашни миллии мардуми ориёнажод аст, ки таърихи беш аз 6-ҳазорсола дошта, рамзи эҳёи табиат ва оғози соли нави аҷдодиро дорад. Ин иди бостонӣ ба рӯзи эътидоли баҳорӣ рост меояд, ки дар он шабу рӯз баробар шуда, замин ҷомаи сабз ба бар мекунад.Мусаллам аст, ки тоҷикон аз давраҳои қадимтарин ба худ расму ойин ва ҷашну анъанаҳои бузургеро эҳё намудаанд, ки имрӯз барои дигар халқияту миллатҳо ҳамчун ҷашни милливу давлатӣ эътироф гардидааст. Ба ҷумлаи чунин ҷашнҳои бузургу таърихӣ ва фарҳангиву муттаҳидсоз ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада шомил мебошанд, ки ҳар яке дар фаслҳои муайяни сол ҷашн гирифта мешаванд. Миёни ин ҷашнҳо, ки сирф тоҷикӣ мебошанд, фарқиятҳои хеле калон ва ҳар яки он дорои рамзҳои муайяни худ мебошанд.Наврӯз яке аз ҷашнҳои муътабартарини ориёиҳои аҳди бостон аст, ки сарчашма ва манбаъҳои таърихӣ ба он гувоҳанд. Андешаи маъмул доир ба асли пайдоиши ҷашни Наврӯз ба ривояте, ки дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ маҳфуз аст, ба номи Ҷамшед ҳамбастагӣ дорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки шоҳ Ҷамшед дар таърихи тамаддуни башар нақши тозае аз худ боқӣ гузоштааст ва дар қиёc бо дигар шоҳони аҳди бостон аз ӯ бештар ёдоварӣ мегардад. Нахустин чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, оинро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам “Наврӯз” бузургу муаззам буд.Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки мероси гаронбаҳои фарҳангии инсоният аст, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо арзиши худро аз даст надода, баръакс, бештар маъруфият пайдо кардааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвли миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукӯҳу шаҳомати бештар эҳё гардид.Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марҳалаи наву фараҳбореро дар таърихи Наврӯз ифтитоҳ бахшид ва ба таҷлили бештар пуршукӯҳу оммавии он мусоидат кард. Гузашта аз ин, Наврӯз ба як рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ табдил ёфту шиносномаи миллат гашт. Дар ин давра ҳодисаи мондагору пурфурӯғе дар ҳошияи ин ҷашни фархунда ба вуқуъ пайваст: бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.Акнун солҳост, ки Наврўзи оламафрӯзи мо дар саросари ҷаҳон барои тақвияти ҳусни тафоҳуми байни миллатҳову давлатҳо, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва пешрафти тамаддуни башарӣ хидмати барҷаставу файзбор мекунад.Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи ҷаҳонӣ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд. Ва ҳавзаи Наврӯз пайваста густариш пайдо карда, вусъат ёбад.Бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Рӯзи Наврӯзро ба шумо, ҳамватанони гиромиям, табрику таҳният мегӯям ва ба якояки шумо табъи хуши баҳориву руҳи бешикасти наврӯзӣ таманно менамоям. НАВРӮЗ МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ ФАРҲАНГӢ паёми табрикотии Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Шералӣ Хоҷазода бахшида ба Ҷашни байналмилалии НаврӯзДар ин рузҳо, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарзамини биҳиштосои мо аз ҷониби хурду бузург бо хушҳоливу хурсандии бемисл таҷлил мегардад, мехоҳам мардуми шарафманди мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик гуфта, барояшон хушрузиву нишот, комрониву саодати ҳамешагӣ, бахту икболи баланд ва тамоми шодиҳои зиндагиро орзу намоям.Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашни миллии мардуми ориёнажод аст, ки таърихи беш аз 6-ҳазорсола дошта, рамзи эҳёи табиат ва оғози соли нави аҷдодиро дорад. Ин иди бостонӣ ба рӯзи эътидоли баҳорӣ рост меояд, ки дар он шабу рӯз баробар шуда, замин ҷомаи сабз ба бар мекунад.Мусаллам аст, ки тоҷикон аз давраҳои қадимтарин ба худ расму ойин ва ҷашну анъанаҳои бузургеро эҳё намудаанд, ки имрӯз барои дигар халқияту миллатҳо ҳамчун ҷашни милливу давлатӣ эътироф гардидааст. Ба ҷумлаи чунин ҷашнҳои бузургу таърихӣ ва фарҳангиву муттаҳидсоз ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада шомил мебошанд, ки ҳар яке дар фаслҳои муайяни сол ҷашн гирифта мешаванд. Миёни ин ҷашнҳо, ки сирф тоҷикӣ мебошанд, фарқиятҳои хеле калон ва ҳар яки он дорои рамзҳои муайяни худ мебошанд.Наврӯз яке аз ҷашнҳои муътабартарини ориёиҳои аҳди бостон аст, ки сарчашма ва манбаъҳои таърихӣ ба он гувоҳанд. Андешаи маъмул доир ба асли пайдоиши ҷашни Наврӯз ба ривояте, ки дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ маҳфуз аст, ба номи Ҷамшед ҳамбастагӣ дорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки шоҳ Ҷамшед дар таърихи тамаддуни башар нақши тозае аз худ боқӣ гузоштааст ва дар қиёc бо дигар шоҳони аҳди бостон аз ӯ бештар ёдоварӣ мегардад. Нахустин чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, оинро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам “Наврӯз” бузургу муаззам буд.Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки мероси гаронбаҳои фарҳангии инсоният аст, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо арзиши худро аз даст надода, баръакс, бештар маъруфият пайдо кардааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвли миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукӯҳу шаҳомати бештар эҳё гардид.Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марҳалаи наву фараҳбореро дар таърихи Наврӯз ифтитоҳ бахшид ва ба таҷлили бештар пуршукӯҳу оммавии он мусоидат кард. Гузашта аз ин, Наврӯз ба як рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ табдил ёфту шиносномаи миллат гашт. Дар ин давра ҳодисаи мондагору пурфурӯғе дар ҳошияи ин ҷашни фархунда ба вуқуъ пайваст: бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.Акнун солҳост, ки Наврўзи оламафрӯзи мо дар саросари ҷаҳон барои тақвияти ҳусни тафоҳуми байни миллатҳову давлатҳо, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва пешрафти тамаддуни башарӣ хидмати барҷаставу файзбор мекунад.Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи ҷаҳонӣ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд. Ва ҳавзаи Наврӯз пайваста густариш пайдо карда, вусъат ёбад.Бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Рӯзи Наврӯзро ба шумо, ҳамватанони гиромиям, табрику таҳният мегӯям ва ба якояки шумо табъи хуши баҳориву руҳи бешикасти наврӯзӣ таманно менамоям. Read Post »
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохилидоравӣ санаи 19 марти соли 2026 дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Зарурати қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Маърӯзачиён оид ба риояи талаботи қонуни мазкур баромад намуда, шунавандагонро ба сарфакорӣ таблиғ ва роҳнамоӣ намуданд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохилидоравӣ санаи 19 марти соли 2026 дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Зарурати қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Маърӯзачиён оид ба риояи талаботи қонуни мазкур баромад намуда, шунавандагонро ба сарфакорӣ таблиғ ва роҳнамоӣ намуданд. Read Post »
ҲИФЗИ ВОЖАҲОИ АХЛОҚӢ ВА ИСТИФОДАВУ КОРБУРДИ ОНҲО ДАР АШЪОРИ ХОҶУИ КИРМОНӢ ҲИФЗИ ВОЖАҲОИ АХЛОҚӢ ВА ИСТИФОДАВУ КОРБУРДИ ОНҲО ДАР АШЪОРИ ХОҶУИ КИРМОНӢ Read Post »
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» Read Post »
МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ЁДГОРИ ТАЪРИХИИ ҚАЛЪАИ МУҒИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ЁДГОРИ ТАЪРИХИИ ҚАЛЪАИ МУҒИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН Read Post »
НАҚШИ БОНУВОН ДАР АМАЛӢ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” НАҚШИ БОНУВОН ДАР АМАЛӢ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” Read Post »
ЗАРУРАТ ВА АҲАМИЯТИ ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ЗАРУРАТ ВА АҲАМИЯТИ ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ Read Post »
РИОЯИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СОҲАВӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ РИОЯИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СОҲАВӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ Read Post »
«Ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ» – меҳвари суҳбати мо дар барномаи таҳлилии «Дурнамо» қарор гирифт.Директори Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб перомуни мавзӯи фавқ, корҳои дар ин самт роҳандозишуда, аҳамияти бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ибрози андеша намуд. «Ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ» – меҳвари суҳбати мо дар барномаи таҳлилии «Дурнамо» қарор гирифт.Директори Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб перомуни мавзӯи фавқ, корҳои дар ин самт роҳандозишуда, аҳамияти бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ибрози андеша намуд. Read Post »