ХАБАРҲО

Табрикоти директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Read Post »

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ (18 майи соли 1048 – 4 декабри соли 1131) шоир, файласуф, риёзидон ва ситорашиноси барҷастаи форсу тоҷик мебошад. Ӯ дар шаҳри Нишопури Хуросон ба дунё омада, тамоми умри худро ба илму маърифат бахшидааст.Осори илмии Умари Хайём, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ 15 рисоларо дар бар мегирад. Аз хурдӣ зеҳни тез ва қобилияти фавқулода дошт. Дар мадрасаҳои Нишопур илмҳои динӣ, фалсафа, риёзиёт (математика), нуҷум (астрономия) ва тибро амиқ омӯхт. Хайём қариб дар ҳамаи ин илм¬ҳо бозёфт дорад. Омӯзиши фаъолияти илмии донишманд собит менамояд, ки ӯ аслан ба масъалаҳое таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки аз назари олимони пешин дур монда буданд. Шоҳкории назми Хайём, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод шуда, ӯро дар саросари ҷаҳон машҳур кардааст. «Наврӯзнома» – рисолаи насрии бадеӣ ва таърихӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ. Дар он таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, оинҳои подшоҳони қадим, тақвим ва расму одатҳои мардумӣ баён шудаанд.

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ (18 майи соли 1048 – 4 декабри соли 1131) шоир, файласуф, риёзидон ва ситорашиноси барҷастаи форсу тоҷик мебошад. Ӯ дар шаҳри Нишопури Хуросон ба дунё омада, тамоми умри худро ба илму маърифат бахшидааст.Осори илмии Умари Хайём, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ 15 рисоларо дар бар мегирад. Аз хурдӣ зеҳни тез ва қобилияти фавқулода дошт. Дар мадрасаҳои Нишопур илмҳои динӣ, фалсафа, риёзиёт (математика), нуҷум (астрономия) ва тибро амиқ омӯхт. Хайём қариб дар ҳамаи ин илм¬ҳо бозёфт дорад. Омӯзиши фаъолияти илмии донишманд собит менамояд, ки ӯ аслан ба масъалаҳое таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки аз назари олимони пешин дур монда буданд. Шоҳкории назми Хайём, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод шуда, ӯро дар саросари ҷаҳон машҳур кардааст. «Наврӯзнома» – рисолаи насрии бадеӣ ва таърихӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ. Дар он таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, оинҳои подшоҳони қадим, тақвим ва расму одатҳои мардумӣ баён шудаанд. Read Post »

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (маъруф дар Ғарб бо номи Авитсенна) – донишманд, пизишк, файласуф ва шоири бузурги форсу тоҷик аст. Ибни Сино дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро тақрибан солҳои 980 ба дунё омадааст. Ӯ соли 1037 дар шаҳри Ҳамадон вафот кард.Ӯ беш аз 450 асарро дар 29 соҳаи илм таълиф намуда, яке аз чеҳраҳои бонуфузтарини асрҳои миёна дар Шарқ ва Аврупо ба ҳисоб меравад. Ӯ пизишки дарбори амирони Сомонӣ дар Бухоро буд. Пас аз суқути давлати Сомониён ба шаҳрҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ва Эрон, аз ҷумла Рай, Исфаҳон ва Ҳамадон сафар карда, ҳамчун табиб ва вазир фаъолият намудааст.«Ал-Қонун фит-тиб» (Қонуни тиб). Энсиклопедияи панҷҷилдаи тиббӣ мебошад, ки то нимаи асри XVII ҳамчун китоби дарсии асосӣ дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ истифода мешуд. Дар ин асар ӯ донишҳоро оид ба ташхиси бемориҳо, дорусозӣ ва ҷарроҳӣ ба низом даровардааст.«Китобу-ш-шифо». Асари бузурги фалсафӣ ва илмӣ, ки мантиқ, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илоҳиётро дар бар мегирад.

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (маъруф дар Ғарб бо номи Авитсенна) – донишманд, пизишк, файласуф ва шоири бузурги форсу тоҷик аст. Ибни Сино дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро тақрибан солҳои 980 ба дунё омадааст. Ӯ соли 1037 дар шаҳри Ҳамадон вафот кард.Ӯ беш аз 450 асарро дар 29 соҳаи илм таълиф намуда, яке аз чеҳраҳои бонуфузтарини асрҳои миёна дар Шарқ ва Аврупо ба ҳисоб меравад. Ӯ пизишки дарбори амирони Сомонӣ дар Бухоро буд. Пас аз суқути давлати Сомониён ба шаҳрҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ва Эрон, аз ҷумла Рай, Исфаҳон ва Ҳамадон сафар карда, ҳамчун табиб ва вазир фаъолият намудааст.«Ал-Қонун фит-тиб» (Қонуни тиб). Энсиклопедияи панҷҷилдаи тиббӣ мебошад, ки то нимаи асри XVII ҳамчун китоби дарсии асосӣ дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ истифода мешуд. Дар ин асар ӯ донишҳоро оид ба ташхиси бемориҳо, дорусозӣ ва ҷарроҳӣ ба низом даровардааст.«Китобу-ш-шифо». Асари бузурги фалсафӣ ва илмӣ, ки мантиқ, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илоҳиётро дар бар мегирад. Read Post »

Scroll to Top